-3.3 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Дар ҷашни Сада дар Фархор намунаи ҳунару маҳорати сокинони даҳ ҷамоати шаҳраку деҳот ба намоиш гузошта шуд

Дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Фархор бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷашни Сада бошукӯҳ таҷлил гардид. Зимни он  гӯшаи намоиши ҳунарҳои миллӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши фурӯши ниҳол, тухмии гулу буттаҳо, гӯшаи дастовардҳои кишоварзон ва маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ташкил шуда, бонувон, толибилмони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандон, кормандони ташкилоту муассиса ва аҳли заҳмати даҳ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия намунаи ҳунару маҳорат ва маҳсули меҳнати хешро пешниҳоди ҳозирин гардониданд, хабар доданд аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Дар гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои чӯбтарошӣ, чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ, омода кардани таомҳои миллӣ ва самараи заҳмати кишоварзон дар бахшҳои сабзавоткорӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, растанипарварӣ, истеҳсоли тухмӣ ва дастовардҳои тамоми соҳаи кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуданд. Ин тадбир аз пешрафти соҳа ва сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дарак медиҳад. Дар намоиш дастовардҳои варзишгарони ноҳия низ ба намоиш гузошта шуданд.

Зимни ҳамоиш роҳбарони ноҳия иброз доштанд, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Фархор ният доранд дар майдони беш аз 9 ҳазор гектар кишти чигит гузаронанд. Бо ин мақсад аллакай ба қадри кофӣ тухмӣ омода ва захира карда шудааст.

Айни замон дар ноҳия корҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва навсозии иншооти обрасонӣ бо маром идома дошта, имсол дар асоси нақша бояд қариб 1500 гектар замини солҳо бекорхобида аз нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд.

Корҳои ободониву сабзазоркунӣ бо риояи талаботи агротехникӣ идома дошта, бояд рӯзҳои наздик боғи миллии ноҳия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пурра навсозӣ ва барои рушди соҳаи пиллапарварӣ тутбоғи нав бунёд карда шавад.

АКСҲО: Маркази матбуоти МИҲД-и н. Фархор

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news