3.2 C
Tajikistan
Monday, May 29, 2023

Дар Ҳисор ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

«Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру  навоҳии  тобеи марказ- Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав баргузор гардид, иттилоъ медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Дар маросими супоридани шаҳодатнома ва маблағи он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдулло Раҳмонзода ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иштирок ва сухан намуданд.

Зикр гардид, ки наврасону ҷавонон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир гардида, пайваста густариш меёбад.

Стипендияи Президенти Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дар бар мегирифт. Шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар соли хониши 2021-2022 ба 3000 нафар расида, маблағи он дар як моҳ 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар соли хониши 2021-2022 шумораи гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 10 нафари қаблӣ ба 91 нафар расидааст.

Дар идомаи ҳамоиш гирандагони Стипендияи президентӣ бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва фазои орому босуботи кишвар  миннатдории худро ба Пешвои миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои омӯхтани илму дониш иброз намуда, қавл доданд, ки бо омӯхтани илмҳои пешрафта оянда ба давлату миллати худ хизмат хоҳанд кард.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор  дастагули шеъру таронаро дар васфи Ватан, истиқлолият ва зебоиҳои табиати диёр, инчунин таррануми ҷавонӣ тақдими меҳмонон карданд. Иштирокдорони ҳамоиш аз китобхона ва Осорхонаи марказии шаҳри Ҳисор боздид намуданд.

 АКС: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news