3.7 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Дар ноҳияи Шуғнон бунгоҳҳои саломатӣ ва толори варзишӣ сохта мешаванд

Давоми соли 2022 дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон дар доираи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ду бунгоҳи саломатӣ ва толори варзишӣ бунёд карда мешаванд, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.

Иқдоми мазкур 26 январ зимни мулоқоти раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода бо масъулини «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ – иқтисодӣ», ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон татбиқ мешавад, гирифта шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо нақшаи лоиҳаҳои соли 2022 тавассути лоиҳаи мазкур дар ноҳияи Шуғнон амалишавандаро баррасӣ намуданд.

Ба минтақаи лоиҳавӣ ҷамоатҳои деҳоти Ванқалъа, Вер, Навобод, Сучон, М.Ширинҷонов, Поршинев ва Ғ.Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон шомил мебошанд.

Мақсади асосии лоиҳаи зикргардида аз мусоидат намудан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ баҳри беҳтар гардонидани сифати инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, васеъ намудани доираи имконият ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон иборат мебошад.

АКС: МИҲД-и н. Шуғнон

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news