2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар Кӯлоб бахшида ба ҷашни Сада кишоварзони фаъол қадрдонӣ гардиданд

25 январ дар шаҳри Кӯлоб  ҷашни  Садаро бо тантана таҷлил намуданд. Ҷашни бостонии Сада аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби бонувони чирадаст омода шудаанд, инчунин  дастовардҳои кишоварзии ҷамоату деҳоти шаҳр, устодону донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб оғоз гардид, хабар доданд аз бахши матбуоти мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Намоиши дастовардҳои кишоварзон бозгӯи он буд, ки деҳқонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб соли 2021 ҳосили фаровон бардошта, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ аз мамлакат саҳми арзанда гузоштаанд.

Бахшида ба ҷашни Сада як гурӯҳ кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоату деҳот, масъулин ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳри  Кӯлоб бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардиданд.

Дар соли сипаришуда заҳматкашони шаҳри Кӯлоб ба андозаи 663,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли пеш 16,4 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз шаҳр зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла, 955 тонна сабзавот, 81 тонна меваҷот ва 21 тонна дигар намуди маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот шудааст.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Амонулло Салимзода сокинони шаҳрро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, барояшон рӯзгори хушу пурбаракат таманно намуд ва барои дар сатҳи баланд омода намудани намоишгоҳ ба онҳо изҳори сипос намуд.

Мавсуф зикр  намуд, ки «бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон аз ҷумла, сокинони Хатлонзамин ин ҷашни бостониро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии хеш дар сатҳи баланд таҷлил менамоянд».

Зикр гардид, ки ба муносибати иди Сада, ки ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорад, барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаи фурӯши гулу ниҳолҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иброз дошт,   ки мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб  дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд,  ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони  хушсалиқаамон аз имрӯз шурӯъ карда, ба мавсими  кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд.

Барномаи идона бо ҳунарнамоии   аҳли фарҳангу санъати шаҳр ва вилояти Хатлон ба охир расид.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news