2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Ҳунарпешаи шоистаи Озарбойҷон Офоқ Аббосова ва яккасарои операи Италия Валерия Мела ба Душанбе меоянд

Ҳунарпешаи шоистаи Озарбойҷон Офоқ Аббосова ва яккасарои операи Италия Валерия Мела, ки моҳи майи соли гузашта бо ҳунарнамоии бошукӯҳи худ тамошобини тоҷикро тасхир намуда буд, вориди Душанбе мешаванд, хабар медиҳад маркази матбуоти Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

Ҳунарпешагон дар лоиҳаи байналмилалии «LA TRAVIATA» иштирок менамоянд.

«Ду яккасарои театр бо ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баромад менамоянд. Барномаро профессори консерваторияи Милан ба номи Ҷ. Верди маэстро Делфо Меникуччи дирижёрӣ менамояд. Эҷоди ҷовидонаи Ҷузеппе Верди – операи «Травиата»-ро ҳайати эҷодии театр ба забони асл омода карда истодааст», — хабар медиҳад манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки Офоқ Аббосова- яккасарои варзидаи Театри давлатии академии опера ва балети Озарбойҷон, барандаи ҷоизаи байналмилалии ҷавонон «Иттиҳоди дебютҳо», ҷоизаи миллии «Хумай», ситораи дурахшон ва рамзи муосири операи Озарбойҷон буда, сафарҳои ҳунарии зиёде ба кишвархои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Америка кардааст. Номи ӯ аллакай дар Русия, Беларус, Австрия, Олмон, Фаронса, Велокобритания, Туркия, Юнон, ИМА, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова хеле маъмулу машҳур аст. Имсол дар Италия дар Театри операи Ҷузеппе Верди нахустнамоиши ҷаҳонии асари Отторино Респиги баргузор мешавад, ки Офоқ Аббосова дар он нақши асосиро иҷро мекунад.

«Сокинону меҳмонони пойтахт 26-27 феврал метавонанд аз эҷодиёти ҷовидонаи Ҷузеппе Верди — операи «Травиата» баҳра бардоранд. Чиптаҳоро метавон аз кассаи театр (221-62-91) ва сомонаи echipta.tj дастрас намуд», — хабар доданд аз театр.

АКС: Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news