7.1 C
Tajikistan
Monday, September 25, 2023

ЧЕМПИОНАТИ ФУТЗАЛИ CAFA-2022. Дастаи миллии Эрон мақоми худро дар садри ҷадвал устувор нигоҳ дошт

Дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти  Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бозии сеюми худро анҷом дод. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзи сеюми бозӣ дастаи мунтахаби Узбекистон рақиби дастаи Тоҷикистон буд. Вохӯрӣ бо ғалабаи боварибахши футзалчиёни Узбекистон — 8:1 анчом ёфт. Дар ҳайати дастаи миллии мо голи ягонаро Ҷонона Қурбонова зад.

Дастаи мунтахаби  Эрон севвумин пирӯзии пайдарпай ба даст овард. Чемпиони феълии Осиё ин дафъа ба дарвозаи дастаи миллии Қирғизистон 10 голи беҷавоб зад.

Баъди се даври бозӣ дастаи миллии Эрон бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот дилпурона пешсаф аст. Дастаи Узбекистон, ки 6 хол дорад, дар зинаи дуюм аст. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон якимтиёзӣ ба даст оварда, дар зинаҳои сеюм ва чаҳоруми ҷадвали мусобиқа ҷойгир шудаанд.

Имрӯз, 25 январ, даври дуюми чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз мешавад. Дар ин рӯз бозиҳои Эрон – Қирғизистон (15:00) ва Узбакистон – Тоҷикистон (18:00) баргузор мешаванд.

Аввалин мусобиқаи CAFA Championship оид ба футзал миёни дастаҳои занона дар Душанбе аз рӯи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад, ки дар он ҳар даста 6 бозӣ анҷом медиҳад. Дар доираи мусобиқа ҳамагӣ 12 бозӣ баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

АКС аз ФФТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла...

Намояндаи Тоҷикистон дар Самарқанд бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳо дар ҳамкории байналмилалии геологӣ» сарфароз гардонида шуд

Тавре қаблан хабар додем, 22 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи XXVI Шурои байниҳукуматӣ оид ба иктишоф,...

Дар Ню-Йорк ҷаласаи ғайрирасмии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир шуд

 21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи...

Таъкидҳои муҳим аз суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба хотири таъмини сулҳ, амният, пешрафт...

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун...

Related news