4.7 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Русия бурсияҳои таҳсили ройгонро барои донишҷӯёни Тоҷикистон 19% афзоиш дод

Теъдоди бурсияҳо (квотаҳо) барои таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон  дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷети федералии солҳои 2022-2023-ум 120 адад афзуда, ба 750 адад расид.  Дар ин хусус 24 январ раиси намояндагии «Россотрудничества» дар Тоҷикистон Иван Иванов ба хабарнигори ТАСС иттилоъ дод.

«Имсол мо 750 бурсия дорем, ин омор соли гузашта 630 ҷойро ташкил медод, яъне афзоиши ҷиддӣ ба назар мерасад», — гуфт Иванов. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон, ки ояндаи наздик баргузор мешавад, масъалаи афзоиши шумораи бурсияҳо матраҳ хоҳад шуд.

«Тоҷикистон аз рӯи анъана дар радифи панҷ кишвари беҳтарини ҷаҳон [аз рӯи миқдори бурсияҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия] ҷой гирифта, миёни кишварҳои ИДМ мавқеи пешсафро ишғол мекунад», -зикр намуд роҳбари намояндагии «Россотрудничества».

Маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Ҳоло дар Русия ҳудуди 23 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

АКС:  Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news