4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» оғоз ёфт

 Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини Вазири маориф Гулчеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод.

Зимни маросим Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки мақсад аз гузаронидани озмун дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо миёни кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.

Муовини Вазири маориф ва илм иштирокдоронро бо шартҳои озмун шинос намуда, зикр кард, ки довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон мегардонанд.

Дар озмуни имсола омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳир Хоруғ Хушбахт Азизбеков, омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоили техникии ба номи «Афлотун» дар ноҳияи Данғара Шавкат Тағоев, омӯзгори фанни физикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Б. Ғафуров Наима Зоидова, омӯзгори фанни географияи Литсейи №3 барои

хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Моҳира Мусоева ва– омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Роғун Сунбула Юсупова иштирок намуда, миёни ҳам рақобат мекунанд.

Озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон 27 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКСҲО: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news