3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркманистон 2,7 баробар афзуд

 Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дар 11 моҳи соли гузашта 18,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 2,7 баробар бештар аст. Ин рақам аз маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни муҳокимаи Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба  ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан дар  ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод   гардид, бармеояд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, тасдиқи созишнома ба баланд шудани сатҳи хизматрасонии нақлиётии байналмилалӣ, содирот, воридот ва транзити молҳо тавассути роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба, афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, кушодани роҳҳои оҳан ба кишварҳои дигари аврупоӣ бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари Туркманбошии Туркманистон тавассути баҳри Хазар, инчунин ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвари мо –баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат мекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои худ аз тасвиби ин созишнома ҷонибдорӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки Созишнома 4 августи соли 2021 (АКС) оид ба  натиҷаҳои музокироти сатҳи баланд дар Ашқобод дар ҷараёни сафари давлатии Сарвари давлати  Тоҷикистон ба Туркманистон ба имзо расид. Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҷонибдории андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи Барномаи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ то соли 2023, таҳияи Харитаи роҳ барои рушди тиҷорат барои ду соли оянда, инчунин истифодаи васеи имконияти бандари байналмилалии баҳрии Туркманбошӣ ва маркази логистикии Тоҷикистон барои боркашонии транзитӣ ба манфиати ҳарду кишвар изҳори назар намуданд.

                                     АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news