2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

«БО ҲАМ БА COVID-19 ҒОЛИБ МЕБАРОЕМ!». Таҳти ин унвон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аксия доир намуд

Имрӯз бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби валантиёрон аз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватана» ба хотири солимгардонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирӣ бемории сироятии COVID-19 дар шаҳраки 46-и ноҳияи Фирдавсӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвонӣ «Бо ҳам ба COVID-19 ғолиб мебароем!» гузаронида шуд, хабар доданд аз Кумитаи мазкур.

Дар аксияи мазкур беш аз 100 адад ниқоби тибии яккарата ва варақаҳои итиилотӣ ба сокинон тақсим карда шуд. Дар варақаҳои иттилоотӣ маълумоти муфассал  дар бораи бемории COVID-19 ва чӣ гуна амал кардан ҳангоми ба он гирифтор шудан ба таври васеъ дарҷ гардидааст.

Волонтёрон ҳамчунин аз сокинон ҳангоми суҳбат даъват ба амал оварданд, ки қойидаҳои беҳдоштро риоя намуда, ба хотири саломатии худ ва атрофиён бар зидди ин беморӣ ваксина гиранд, чунки  раванди кунунии пандемияи COVID-19 ва пажӯҳишҳои коршиносони тиб тасдиқ мекунанд, ки ваксинатсия ягона усули самараноки мубориза бо пандемияи бемории сироятӣ мебошад. Танҳо дар ҳолати фаро гирифтани 90% -и аҳолӣ бо ваксинатсия инсоният метавонад ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.

«Баргузории чунин  аксияҳо то аз байн рафтани пандемияи ҷаҳонӣ (коронавирус навъи COVID-19) аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ идома меёбад»,-гуфт манбаъ.

АКСҲО аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news