-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Олмон ба амалигардонии иқтисоди рақамӣ ва сабз дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд

 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода зимни мулоқот бо Директори минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер пешниҳод намуд, ки ҷониби Олмон барои амалӣ гардонидани иқтисоди рақамӣ ва сабз дар Тоҷикистон мусоидат намояд, иттилоъ доданд аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар  вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҷалби грантҳо барои рушди минтақаҳо, инфрасохтор ва коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба кишварро муҳокима карданд.

Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар анҷом мусоҳибон омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор намуданд.

     АКСҲО аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news