3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Дар Хатлон корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз оғоз шуданд

Дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз корҳои омодагӣ оғоз шуданд. Дар робита ба ин Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни баргузории ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастур дод, ки баҳри таҳкими корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳои оммавӣ, вусъати корҳои кишоварзӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Ҷаласаи ситод 22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардида, дар он муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 январ дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дода шуданд, ёдовар гардид.

Зикр шуд, ки ҷиҳати таҳким бахшидани раванди омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии Солҳои рушди саноат (2022-2026), ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар назар аст, ки дар рӯзҳои ид маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дар намоишгоҳҳо ба таври густурда ба намоиш гузошта шуда, дар майдонҳо, боғҳои фарҳангу фароғат бо иштироки устодони санъати вилоят барномаҳои оммавӣ баргузор карда шаванд.

Ҷашни Наврӯз ҷузъи муҳими анъанаҳои миллӣ буда, омодагӣ ба он бояд дар сатҳи баланд сурат гирад.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Наврӯз дар ҷумҳурӣ дубора эҳё гардид ва ҳоло ҷашни миллию давлатӣ, рамзи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум, пайванди ногусастании наслҳо мебошад.

Дар ҷаласа ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои пешгирикунанда ва риояи тамоми меъёрҳои санитарӣ дар робита ба сирояти коронавирус (COVID-19) дастуру супоришҳо дода шуданд.

АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news