-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Дар Бохтар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои оянда доир шуд

22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Дар доираи маҷлис ҳамзамон нақшаи чорабиниҳо оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки дар доираи он татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо пешбинӣ шудааст, хабар доданд  аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.

Дар маҷлис муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, узви раёсати Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ-раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчунин мудирони шуъбаҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Левакант, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён сухан гуфт. Аз ҷумла, иброз гардид, ки сохторҳои ҳизбии вилоят дар ҳошияи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи солҳои 2018-2021   25 ташаббуси созандаро амалӣ карданд. Аз ҷумла, зери уновни «Якҷоя месозем!» аксияи ҳизбӣ эълон намуда, дар баробари татбиқи чорабиниҳои идеологӣ, сокинон ва аъзои фаъоли ҳизбро ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ равона намуданд.   Роҳсозӣ  тариқи ҳашар — сангфаршкунӣ, мумфаршкунӣ, ниҳолшинонӣ, сохтмони биноҳои маъмурии ҳизбӣ, тозакунии муҳит ва оромгоҳҳо, навсозии иншооти гигиенӣ, таъмиру сохтмони мактабҳо, пешбурди идеяи “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ташаккули идоракунии электронӣ ва рейтинги ҳизбӣ ҳамчунин аз ҷумлаи корҳои созандаи аъзои ҳизби Хатлон мебошанд.

Зимнан, дар маҷлис ба ҳайати ҲХДТ дар вилояти Хатлон тағйирот ворид карда шуд. Чанд нафар бинобар сабаби иваз кардани макони зист, берун рафтан аз ҳудуди вилоят, надоштани робита бо сохторҳои ҳизбии вилоят аз узвияти кумита бароварда шуда, ба ҷойи онҳо шахсони дигар қабул гаштанд.

Узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки дар вилоят саҳми фаъолони  ҲХДТ дар таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хеле арзанда мебошад. Дар ин радиф раиси вилоят аз чанд ташаббуси созандаи ҳизбиёни вилоят, ки дар доираи онҳо мардум сарҷамъона баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа камар бастаанд, ёдовар гашт.

Ҳамчунин муовини Раиси ҲХДТ  Асрор Латифзода оид ба муҳимтарин дастовардҳое, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми аъзои фаъоли ҳизб ба даст омаданд, сухан гуфт. Аз ҷумла иброз дошт, ки дар доираи ин ҷашни фархунда ва дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тавонист ба комёбиҳои назаррас мушарраф гардад.

Чанд субъекти пешсаф, тибқи рейтинги ҳизбӣ, аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  ва Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои ҳизбӣ қадрдонӣ шуданд. Зимнан, дар вазъияти тантанавӣ озмуни “Обуна-2022 ба нашрияи “Ҳамрози халқ” ” низ ҷамъбаст гардид, ки дар он дастаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав ғолиби ҷойи якум, ноҳияи Темурмалик ҷойи дуюм ва ноҳияи Балҷувон сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо мукофоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

АКСҲО аз КИ ҲХДТ  дар вилояти Хатлон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news