-2 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022 озмуни мазкур аз рӯйи 10 номина баргузор мегардад, зеро бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода се номинаи нав – «Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия», «Беҳтарин котиби матбуотӣ» ва «Рӯзноманигори соҳибмактаб» ба озмун ворид карда шудаанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар озмуни «Неруи сухан» рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, намояндагони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие, ки дар ҳудуди вилоят фаъолият менамоянд, иштирок карда метавонанд.

Ҳоло қабули маводи довталабон ба озмуни мазкур аз рӯйи номинаҳои «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ», «Беҳтарин барномаи телевизионӣ», «Беҳтарин барномаи радиоӣ, подкаст ва маводи интернетӣ», «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)», «Беҳтарин маҷалла ва нашрияи соҳавӣ», «Беҳтарин лавҳаи телевизионӣ ва фоторепортаж дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунару анъанаҳои мардумӣ», «Беҳтарин сомонаи интернетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» ва боз се номинаи нав — «Беҳтарин наворбардор/саҳифабанди нашрия», «Беҳтарин котиби матбуотӣ» ва «Рӯзноманигори соҳибмактаб» ҷараён дошта, то 31 январ идома меёбад.

Маводи журналистии ба озмуни вилоятии «Неруи сухан» пешниҳодшуда бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи интернет дар марҳилаи аз 1 январ то 30 декабри соли 2021 пахш ва ё нашр гардида бошанд.

Тибқи низомнома, озмуни мазкур ҳар сол дар Рӯзи матбуоти тоҷик — 11 март ҷамъбаст гардида, ба ғолибон аз рӯйи 10 номина, ба ҳар номина ба маблағи 1500 сомонӣ (барои ҷойи якум), 1000 сомонӣ (барои ҷойи дуюм) ва 500 сомонӣ (барои ҷойи сеюм), ҷамъ 30 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда мешавад.

Ҳамчунин қабули маводи довталабон ба ҷоизаҳои адабии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин (назм), Носири Хусрав (насри бадеӣ) ва Соҳиб Табаров (дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ) идома дорад. Ғолибони ин ҷоизаҳои вилоятӣ, ки ҳар яке 5000 сомонӣ мукофот дорад, дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик моҳи марти имсол эълон хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2020 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани озмуни беҳтарин маводи журналистӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» он ҳамасола бо мақсади таҳкими ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма, дастгирии рӯзноманигорон, собиқадорони матбуот, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму ойин ва арзишҳои миллӣ, имконияти сайёҳии вилоят, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот, раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолона ширкат меварзанд, гузаронида мешавад.

Ҳадафи озмуни «Неруи сухан» ҳамчунин сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз воқеаву рӯйдодҳои мубрам, шарҳу тавзеҳи воқеъбинонаю асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоӣ, ҳамзамон ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, неру бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон мебошад.

АКС аз МИҲД вилояти Хатлон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news