-13.4 C
Tajikistan
Tuesday, January 31, 2023

Сафири нави Япония дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики 21 январ ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар Душанбе нусхаи эътимоднома супорид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим  Сафири нави Японияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки имсол ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония (2 феврали соли 1992) 30 сол пур мешавад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония 28 ноябри 2007 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи 2002 кушода шуд. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов мебошад.

Дар давраи муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкории амалӣ заминаи хубе бунёд гардида, аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

Ҳодисаи муҳим дар муносибатҳои дуҷониба- ин боздидҳои корӣ ва расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Япония, аз ҷумла сафари расмӣ 3-5 октябри соли 2018 буд. Натиҷаи сафари расмӣ боиси таҳрики наве ба рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония гардид.

Нахустин сафари расмии Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябри соли 2015 барои рушди муносиботи дӯстона, ҳамкории мутақобилан судбахш ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо марҳалаи нав оғоз намуд.

Тоҷикистон ва Япония машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир, ки дар давраи  солҳои 2013 ва 2018 дар Душанбе баргузор гардидаанд, истифода мебаранд.

Нахустин даври Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ 14 апрели 2017 дар Токио баргузор гардид.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 63 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Воситаи дигари мусоид барои ҳамкорӣ Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» маҳсуб мегардад, ки нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” 16-17 майи соли 2019 дар Душанбе баргузор гардида буд.

Аҳамияти зиёдро барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA), ки аз 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад, молик аст.

Ҳамкории Тоҷикистону Япония дар соҳаи маориф тибқи нақша аз соли 1993 рушд менамояд. Зиёда аз 2200 намояндагони тахассусҳои ҷумҳурӣ то ба ин рӯз дар давраҳои омӯзишӣ дар Япония иштирок карданд. Саҳми муносибати худро “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS) дар омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 то ба ин ҷониб мегузорад.

Ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт аз соли 1999 рушд мекунад. Бозсозии роҳҳои автомобилгарди Дӯстӣ-Панҷи Поён, Бохтар-Дӯстӣ ва сохтмони Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе солҳои 2017-2018 ҳамчун намунаи ҳамкорӣ мебошанд.

Ҳукумати Япония барои беҳбудии системаи оби нӯшокӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ пайваста саҳм мегузорад. Лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ҳамчун беҳтарин тарҳи татбиқшудаи ширкатҳои японӣ дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Япония (Japan Society of Civil Engineers JSCE) интихоб гардидааст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика батадриҷ ривоҷ меёбад. Пружаи «Беҳтар кардани вазъи зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» дар давраи татбиқ қарор дорад.

Фаъолияти якумин корхонаи дорусозии муштараки Тоҷикистону Япония – «Аввалин» дар вилояти Хатлон, ки бо иштироки ширкати саҳомии японии «Кокӣ» таъсис ёфтааст, дар рушди робитаҳои иқтисодӣ низ саҳми назаррас мегузорад.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news