0 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони китобҳое, ки аз муассисаи  «Ирфон» дар соли 2021 тамға (гриф) ба даст овардаанд ва низомнома оид ба гирифтани рақамҳои ISBN, ки тамғаи муассисаро дар бар мегиранд, таҳти унвони «Нақшаи мавзӯӣ» дастури муҳим ба табъ расонид.

Дар ин дастури муфид ёддошт барои мутасаддиёни таъмини китоб ба китобхонаҳо, мағозаҳои китоб, намунаи шартномаҳои хариду фурӯши китоб ва гирифтани тамғаи нашриёт гирдоварӣ шудааст.

Нақшаи мавзӯӣ аз 4 қисм иборат аст.

Дар қисми аввали нақша номгӯйи 31 адад китоб тибқи стандарти тасвир таҳррезӣ гардида, ки аз ин 22 номгӯй аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва даромади муассиса, 9 номгӯй аз ҳисоби маблағҳои муаллифони китоб ба нашр мерасанд.

Дар қисми дуюми нақша номгӯйи 53 адад китоб бо нишондиҳандаи шумораи китобҳое, ки дар анбор маҳфузанд, бо нархи фурӯши китоб нишон дода шудаанд. Тарзи ҷобаҷогузории мавод тариқи соҳавӣ мебошад.

Қисмати сеюми дастур китоби муаллифонеро, ки бо тамғаи Муассисаи нашриявии Ирфон чоп шуда, бо тариқи алифбо ҷобаҷогузорӣ шудаанд, фарогир аст.

Дар қисми чоруми дастур низомнома оид ба гирифтани рақами ISBN ва тамғаи Муассисаи нашриявии “Ирфон” ва намунаи шартнома барои гирифтани тамғаи нашриёт ҷой дода шудаанд.

Дастури мазкур барои китобдорону омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ роҳнамои хубест. Омӯзгорон зимни тарғиби китоб ва дарси сулҳ дастури мазкурро истифода бурда метавонанд.

Он барои пурранамоии фонди китоби китобхонаҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ дастури муфид аст.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news