Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ 6 миллиарду 809,1 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 981,1 миллион сомонӣ ё 116,8 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшуда 843,3 миллион сомонӣ ё 114,1 фоиз зиёд мебошад. Воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ дар соли 2021 дар қиёс ба соли 2020 ба андозаи 1 миллиарду 339,7 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар иртибот ба зиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ дар соли 2021 зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ташаккур баён доштанд.
Ин пайғоми нек дар арафаи иди касбии гумрукчиён расид.
Имрӯз, 22 январ гумрукчиёни тоҷик 30-юмин солгарди рӯзи таъсиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
АКС: Хадамоти гумрук ва манбаъҳои боз