-9.4 C
Tajikistan
Monday, February 6, 2023

«SOMON AIR»: Мақомоти авиатсионии АМА барои мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба АМА сафар менамоянд, талаботи нав ба роҳ монд

Тибқи талаботи нави мақомоти авиатсионии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, аз 17 январи соли 2022 мусофироне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Амороти Арабӣ  сафар мекунанд, бояд шаҳодатномаи натиҷаи манфии ПСР-тести COVID-19-ро, ки на дертар аз 48 соат аз замони гирифтани биоматериал дода шудаасту QR-код дорад, пешниҳод намоянд. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Ҳангоми ворид шудан ба фурудгоҳи  байналмилалии Дубай гузаштани санҷиши гирифторӣ ба COVID-19 (ПСР-тест) ҳамчунин ҳатмӣ мебошад. То гирифтани натиҷаи ПСР-тест мусофир бояд ҷудонишинӣ намояд.

Ёдовар мешавем, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ҳангоми  аз қайд гузаштан барои парвоз мусофирон бояд шаҳодатнома (ҳуҷҷати аслӣ) бо натиҷаи манфии санҷиши ПСР пешниҳод  намоянд. Шаҳодатнома бидуни нишон додани натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 қабул карда намешавад. Дар шаҳодатнома бояд ном ва насаби мусофир (беҳтараш бо забони англисӣ), санаи таваллуд, натиҷаи манфии санҷиши ПСР барои COVID-19, инчунин рамзи QR (барои онҳое, ки ба Русия парвоз мекунанд) сабт гардида бошанд.

Ба мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон парвоз мекунанд, шаҳодатнома бо натиҷаи манфии санҷиши ПСР  зарур аст. Кӯдакони то 3-сола аз супоридани санҷиши ПСР озод мебошанд.

Latest news

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома,...

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023

Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023

АМРИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2023

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон...

Related news