4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Тоҷикистон ва Туркия оид ба имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ ҳамоиш доир менамоянд

Имрӯз, 20 январ вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо муовини Вазири энергетика ва захираҳои табиии Туркия Алпарслан Байрактар баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот  ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунии ҳамкорӣ ва иқиқдомҳои оянда ҷиҳати тақвияти онҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ, алалхусус дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати дастрас намудани маълумоти бештар оид ба имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар фурсати наздик дар соҳаҳои энергетика ва саноати кӯҳӣ вохӯриҳои маҷозӣ ташкил намуда, аз натиҷаи онҳо ҳайатҳои тиҷоратии хешро ба Тоҷикистон ва Туркия сафарбар менамоянд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки соҳаи энергетика яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Соҳаи мазкур бо назардошти захираҳои фаровони обӣ ва иқтидори тавлиди неруи барқ дар ҳаҷми 527 миллиард кВс таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба кишвар ҷалб менамояд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо чаҳор ташаббуси бузурги ҷаҳонӣ оид ба об яке аз кишварҳои пешсаф дар масъалаҳои обӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news