-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

«МАҚСАДҲОИ ГЛОБАЛӢ БАРОИ ҲАМА». Дар Дубай форуми тиҷоратӣ ба кор оғоз намуд

Дар доираи баргузории «ЭКСПО-2020 Дубай» дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) Форуми тиҷоратии «Мақсадҳои глобалӣ барои ҳама» ва Ҳафтаи ҳадафҳои глобалӣ ба кор оғоз намуд, хабар доданд аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳадаф аз баргузории ин форум баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ва таъкид ба зарурати пурзӯр намудани уҳдадориҳо барои иҷрои ҳадафҳои даҳсолаи амал мебошад.

Иштироккунандагон зикр намуданд, ки танҳо тавассути шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мо метавонем ба ин ҳадафҳои ҷаҳонӣ ноил шавем.

Дар кори форум намояндагони палатаҳои савдо ва саноат ва бахшҳои хусусии якчанд мамлакатҳо иштирок намуданд.

Бо дарназардошти он ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор  дар ҳама сатҳҳои бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ афзалият медиҳад, дар форум роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти палатаҳои минтақавии Суғд ва Хатлон ва намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

АКС аз ПСС Тоҷикистон

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news