-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мусобиқаи зеҳнии шоҳмоту шашка доир шуд

Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 миёни хонандагон аз ҷониби омӯзгорон ва гирандагони стипендияи президентии назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Мусобиқаи зеҳнии шоҳмоту шашка баргузор карда шуд, иттилоъ доданд аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

Мақсад аз ташкили мусобиқаҳои мазкур — ин пеш аз ҳама, баланд бардоштани маҳорати зеҳнии хонандагон ва махсусан ҷавонон маҳсуб мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки шоҳмот  бозии шавқовари рӯимизӣ буда, ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул аст. Солҳои  охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд.

Солҳои охир дар Тоҷикистон аз рӯи ин намуди варзиш варзишгарони зиёд бозӣ карда, мамлакати моро берун аз ҷумҳурӣ муаррифӣ ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон парафшон намудаанд. Яке аз онҳо шоҳмотбози 12-солаи  тоҷик Сабрина Абророва мебошад, ки  соли 2019 дар Бозиҳои 5-уми ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Русия дар бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар  ин  мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз 57 давлати дунё ширкат доштанд, вале Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб ма два 1 бозиро мусовӣ анҷом дода,  бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.

Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик буда, тавассути ин бозӣ метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд.

АКС: бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news