2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Адиби тоҷик Абдуқаҳҳори Қосим сазовори ҷоизаи бонуфузи «Нависандаи тиллоии ҷаҳон» гардид

Адиби тоҷик, ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, шоир, публитсист ва тарҷумон Абдуқаҳҳори Қосим сазовори ҷоизаи  бонуфузи «Нависандаи тиллоии ҷаҳон» гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷоизаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии даҳ кишвари ҷаҳон- ИМА, Олмон, Англия, Франсия, Италия, Испания, Украина, Чин, Ҳиндустон ва Ҷопон таъсис дода шудааст.

Барои сазовор гардидан ба ҷоизаи мазкур он адибони боистеъдод, номдор ва муваффақи ҷаҳон эътироф карда мешаванд, ки дар осори онҳо инсонпарварӣ, сулҳу субот, накӯкорӣ, адолату муҳаббат – арзишҳои умумибашарие, ки халқҳоро муттаҳид месозанд, таҷассум ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз осори Абдуқаҳҳори Қосим ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, полякӣ, франсузӣ, немисӣ, украинӣ, сербӣ, ҳиндӣ, банголӣ, непалӣ, румӣ, португалӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар нашрияҳои Русия, Америка, Непал, Чин, Руминия, Полша, Бангола, Туркия, Ҳиндустон, Узбекистон ва дигар давлатҳои дунё рӯи чоп омада, манзури хонандагони сершумор гардидаанд.

АКС аз Вазорати фарҳанги ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news