-1.5 C
Tajikistan
Friday, October 7, 2022

Операи машҳури «Травиата» аввалин маротиба дар Тоҷикистон ба забони асл намоиш дода мешавад

Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ моҳи феврал лоиҳаи нави байналмилалиро бо иштироки ситораҳои Тоҷикистон, Италия, Узбекистон ва Озарбойҷон амалӣ менамояд. Дар ин бора аз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон хабар доданд.

Моҳи феврал дар саҳнаи театр операи ҷовидонаи Ҷузеппе Верди «Травиата» ба забони асл ба намоиш гузошта мешавад.

«Беҳтарин ҳунармандони операи тоҷик, оркестри беҳамтои мо бо роҳбарии профессори Консерваторияи Милан маэстро Делфо Меничуччи, яккахонони мо якҷоя бо Ҳунарманди халқии Узбекистон Рамиз Усмонов ва Ҳунарманди шоистаи Озарбойҷон Афаг Аббосов операи «Травиата»-ро ба тамошобинон манзур мекунанд».

«Алмоси репертуари классикӣ- «Травиата» -достони бебозгашт дар бораи рӯҳи гумшудаест, ки барои наҷот талош дошта, бо ишқ шифо ёфтааст, дар саҳнаи мо савти тоза пайдо мекунад», — иттилоъ доданд аз  Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон.

АКС аз Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон

Latest news

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон соҳиби медали нуқра шуд

Варзишгари тоҷик Ҷамшед Мақсудов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни собиқадорон сазовори медали нуқра шуд. Чемпионати мазкур миёни собиқадорон 4 октябр...

Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд.

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ГӮШТИНИ ДЗЮДО. Ҳарифони паҳлавонони тоҷик муайян шуданд

 Дирӯз дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати  ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо  оғоз мегардад.  Чемпионати  ҷаҳон оид ба...

Ҳамкории Тоҷикистон ва Россия оид ба масоили ғизо густариш меёбад

Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  ғизо»  Азизулло Шарипов аз Муассисаи давлатии...

Related news