2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ситораҳои фавқулнав таҳқиқ гардиданд

Аз тарафи олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох 384 соат мушоҳидаҳои ситораҳои фавқулнав гузаронида шуда, 6 ҳазор тасвирҳои рақамӣ коркард гардиданд.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тайи ду сол аст, ки ба таҳқиқи ситораҳои фавқулнав машғул буда, он дар ҳамкорӣ бо Расадхонаи астрофизикии Қрим ба роҳ монда шудааст,

Бояд зикр кард, ки мушоҳидаи ситораҳо дар расадхонаи Санглох дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон якумин бор ба роҳ монда шуд ва барои чунин мушоҳидаҳои фаъол расадхона ба барномаи байналмилалии VSNET (Variable Star Network), ки аз тарафи Расадхонаи миллии астрономии Ҷопон ташкил шудаст, ворид гардид. Чунин мушоҳидаҳо барои тадқиқи ҷараёнҳо вобаста ба таркиши ситораҳои нав ҷиддӣ буда, дар муаммои пайдоиши ситораҳо саҳм мегузоранд.

Ногуфта намонад, ки дар чунин соҳа мутафаккири бузурги Шарқ Абуалӣ ибни Сино таҳқиқот бурдааст ва ӯ барангезиши ситораи фавқулнавро (SN1006) дар китоби «Ал-Шифо» тасвир карда, далелҳои онро тавсиф кардааст. Имрӯзҳо ин ситора бо номи SN (super nova) 1006 ба қайд гирифта шуда, тавсифи амиқ оид ба ситораи нав саҳми бузурги Абуалӣ ибни Синоро дар ҷодаи илмҳои табиатшиносӣ тасдиқ менамояд.

Ҳамаи ин таҳқиқот тавассути иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, хусусан дар чорчӯбаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои рушду тафаккури ҷавонон аҳамияти калон доранд. Натиҷаҳои ба даст омада барои олимон ва донишҷӯёни фанҳои риёзӣ хеле зарур мебошанд.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news