2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ, бонкҳои давлатӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар доданд аз Бонки миллӣ.

Дар ҳамоиш ҷараёни иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи панҷуми Шӯро муҳокима гардида, гузориши масъулин оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати зиёд намудани ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёт, ба роҳ мондани баҳогузории рейтингии ташкилоти қарзии молиявӣ, инчунин дар самти танзим ва назорати ташкилоти ломбардӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва иҷрои пурраи талаботи қонунгузории ҷорӣ аз ҷониби ин ташкилот оид ба суғуртакунонӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки новобаста аз барқароршавии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, ҳанӯз ҳам номуайяниҳо ва муаммоҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва фазои иқтисодиёти ҷаҳон, аз қабили афзоиши талабот ва болоравии интизориҳои таваррумӣ, зиёдшавии хароҷот ва қарзи давлатӣ, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ ва пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон мушоҳида мегарданд, ки метавонанд ба иқтисодиёти миллӣ таъсир гузоранд. Вобаста ба вазъи кунунӣ ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи вазорату идораҳои калидӣ ҷиҳати таъмини суботи молиявӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои берунию дохилӣ ва мусоидат ба рушди устувору фарогири миллӣ ба маврид мебошад.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро бо пешниҳоди рӯнамоиҳо оид ба таъмини устувории фискалӣ вобаста ба қабули кодекси нави андоз, фаъолияти бонкҳои давлатӣ, роҳҳои коҳишдиҳии хавфҳои эҳтимолӣ дар онҳо ва раванди қарздиҳӣ дар низоми бонкӣ муҳокимаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар ин шароити мураккаби иқтисодию геосиёсӣ ва тағйирёбиҳои зиёди ҷаҳонӣ масъалаи баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ, пешбурди низоми содакардашудаи андозбандӣ, тақвият бахшидани низоми идоракунии хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар бо дарназардошти идома бахшидани ислоҳот дар самтҳои пешгирифта муҳим ба ҳисоб рафта, муайян намудани маҳдудият ва амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар ин самт ба суръат бахшидани фаъолнокии бахшҳои соҳаҳои муҳими иқтисод мусоидат менамояд.

Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, муайян намудани хавфҳо ва минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар иқтисодиёт, низоми молияи давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.июни соли 2018) таъсис дода шудааст.

АКС аз Бонки миллии Тоҷикистон

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news