3.8 C
Tajikistan
Wednesday, May 18, 2022

Тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона тасдиқ шуд

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона, ки  аз 19 то 29 январ дар  шаҳри Душанбе баргузор мегардад, тасдиқ кард. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чор дастаи мунтахаби минтақа барои унвони чемпионӣ талош мекунанд – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон. Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода месозад.

Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни занон тибқи системаи даврӣ дар ду давр доир мешавад ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Ҳамаи бозиҳо дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе, ки се ҳазор ҷои нишаст дорад, сурат мегиранд.

АКСҲО: ФФТ

Latest news

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд

 17 май мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) Порнчай Данвиватана баргузор гардид....

«МАЛИКА: ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ҲАМЕША». Ба ифтихори 80-солагии ситораи нотакрори балети тоҷик Малика Собирова барномаи фарҳангӣ доир мешавад

 21-22 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бахшида ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии СССР ва Тоҷикистон Малика Собирова...

Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт

16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи...

Дар Котиботи СҲШ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг баргузор шуд

17 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал...

Related news