-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» баррасӣ гардид

14 январ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» баргузор гардид. Дар ҷаласа таваҷҷуҳи  иштирокдорон  оид ба тадбирҳои андешидаи саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба  ҳифзи саломатии модару  кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла ноҳияҳои Файзободу Рашт ва Шамсиддин Шоҳин равона гардид, аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазорату идораҳои дахлдор намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла Рашт ва Файзободи тобеи ҷумҳур ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва як қатор масъулини Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа иштирок доштанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода зикр намуд, ки тамоми тадбирҳои амалишаванда дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамчунин  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои мухталифи комуникатсионӣ ва иҷрои натиҷаи миёнамуҳлатҳои Лоиҳа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Иштирокчиён оид  ба татбиқи  лоиҳа фикру андешаи худро баён намуда, бо дарназардошти  таклифҳои пешниҳодгардида  ҷиҳати  амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» қарор қабул гардида, нақшаи корӣ оид ба амалигардонии Лоиҳаи  мазкур  дар соли 2022 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news