-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ бунёд гардид

ҶДММ «Шарафи рӯз» дар шаҳри Истаравшан муҷаҳҳазсозии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сохтмониро идома дода, бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Мардумии Чин таҷҳизоти замонавӣ бо маблағи 3,7 миллион сомонӣ харидорӣ гардидааст. Корхона дар як сол метавонад 430 000 кг ашёи хоми кимиёвиро, ки аз хориҷ ворид карда мешавад, коркард намуда, 12 намуд маҳсулот истеҳсол намояд. Тибқи нақша, дар марҳилаи аввал то 60 нафар ва бо татбиқи муваффақонаи лоиҳа то 200 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дода, аз ҶДММ «Шарафи рӯз» боздид кард ва бо ҷараёни муҷаҳҳазсозии ин корхонаи истеҳсолӣ шинос гардид.

Раиси вилоят барои иҷрои корҳо ва амалисозии пурраи лоиҳа ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин супоришҳо дода, зикр намуд, ки барои амалисозии ҳадафи стратегӣ — саноатикунонии мамлакат бояд аз тамоми имконият истифода бурда шавад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Бо назардошти Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 ташкили боз як корхона дар ин самт саривақтӣ буда, ба рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ҳоло дар Истаравшан 50 корхонаи калону хурди истеҳсолӣ фаъолият мебаранд. Соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр ба 577 880,6 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

АКСҲО: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news