-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти байналмилалии Future Minerals Summit иштирок намуд

Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд. Ин нуктаро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасте, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақавӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ дар сиғаи видеоконфронс баргузор намудааст, изҳор дошт. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, нишасти Future Minerals аз 11 то 13 январ дар Маркази конфронсҳои байналмилалӣ ба номи шоҳ  Абдул Азиз дар Ар-Риёз ҷараён мегирад.

Нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии беш аз 95 кишвари ҷаҳон  ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ мекунанд. Дар нишасти мазкур вазирони саноат аз  31  давлати хориҷӣ иштирок доранд.

Шералӣ Кабир иброз намуд, ки саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад. Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ заминагузорӣ гардида буд, аз замоне, ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд. Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ  саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд.

Коршиносони хориҷии ҳуқуқдон, ки фазои тиҷоратии ИДМ-ро меомӯзанд, бар ин назаранд, ки қонунгузории ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, то барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвари мо ҷиҳати ҳифзи сармоягузорӣ ва фаъолияти тиҷоратии онҳо шароити беҳтар муҳайё карда шавад. Ҳамчунин дар нишаст, ки тариқи видеоконфронс баргузор мегардад, иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси шаффофияти саноати истихроҷ (ТШСИ) татбиқ гардидааст, ки он яке аз стандартҳои ба таври васеъ пазируфташудаи байналмилалӣ барои таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои истихроҷ ба шумор меравад.

Дар хотима Ш.Кабир изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омода аст.

АКС аз Вазорат саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news