-18 C
Tajikistan
Sunday, January 23, 2022

ИМРӮЗ НИШАСТИ ФАВҚУЛОДАИ СААД ДОИР МЕШАВАД. Роҳбарони кишварҳои узви ин созмон вазъи Қазоқистонро баррасӣ менамоянд

Роҳбарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) имрӯз, 10 январ дар шакли видеоконфронс нишасти ғайринавбатӣ доир намуда, ҷараёни ҳодисаҳо дар Қазоқистонро, ки дар он ҷо чанд рӯз инҷониб амалиёти зиддитеррористӣ идома дошта, ба он неруҳои дастҷамъии сулҳовари СААД сафарбар шудаанд, баррасӣ мекунанд.

Тавре ТАСС хабар медиҳад, ташаббуси баргузории ҷаласаи фавқулодаи Шӯрои амнияти дастҷамъии ин созмонро президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба миён гузошт. Ин пешниҳодро президенти Русия Владимир Путин пуштибонӣ намуд ва 9 январ Арманистон ҳамчун кишвари раисикунандаи СААД ва созмондиҳандаи ин нишаст санаи онро эълон кард.

«Конфронси онлайнии сарони кишварҳои СААД рӯзи душанбе баргузор мешавад»,- хабар доданд ба ТАСС аз хадамоти матбуоти  сарвазири Арманистон Никол Пашинян. Баъдан ин хабарро дар Кремл низ таъйид намуда, афзуданд, ки дар ҷаласа чораҳои ба эътидол овардани вазъ дар Қазоқистон баррасӣ мешаванд.

Машваратҳои шарикон

Тавре қаблан- ҳафтаи гузашта АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД Никол Пашинян, президентҳои Русия Владимир Путин, Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев чанд маротиба телефонӣ суҳбат карданд. Зимни ин суҳбатҳо ҷонибҳо оид ба ҷараёни вазъ дар Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор намуда, талошҳои роҳбарияти кишвари дӯстро барои барқарорсозии сулҳу оромӣ дастгирӣ намуданд, ҷараёни иҷрои қарори СААД дар бораи ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот фиристодани неруҳои дастҷамъии сулҳовари СААД-ро баррасӣ карданд.

Дар шаҳри Нур-Султон аз сарони кишварҳои СААД барои дастгирӣ миннатдоранд, гуфт президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев 7 январ дар паёми худ ба мардуми кишвар. Ба гуфтаи Тоқаев, вай аз сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) барои дастгирӣ миннатдор аст. «Онҳо ба хоҳиши ман дар бораи ёрӣ зуд ва рафиқона ҷавоб доданд»,- гуфт ӯ. Президенти  Қазоқистон ба нахуствазири Арманистон, ки раёсати СААД-ро бар уҳда дорад, президентони Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Дар бораи неруҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон

5 январ, вақте ки тазоҳуроти эътирозии 2 январ дар якчанд маҳаллаҳои аҳолинишини Қазоқистон оғозшуда ба ошӯб печида, ба он оташзанӣ ва ҳамла ба биноҳои ҳукуматӣ ҳамроҳ шуд, Тоқаев аз сарони кишварҳои СААД бо назардошти таҳдид ба амнияти миллӣ ва сохибихтиёрии давлат, аз ҷумла дахолати қувваҳои берунӣ  кумак дархост намуд. Ҳамон рӯз миёни роҳбарони кишварҳои узви СААД машваратҳо баргузор шуда, 6 январ сарвазири Арманистон тасмими худро дар бораи фиристодани неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи ин созмон ба Қазоқистон (мувофиқи моддаи 4 Шартнома оид ба амнияти дастҷамъӣ) эълон кард. Барои посдорони сулҳи созмон ин амалиёти аввалин буд — қаблан онҳо танҳо дар машқҳо ширкат доштанд.

Ҳавопаймои низомии Ил-76 бо воҳиди неруҳои сулҳовари Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки шомили неруҳои сулҳовари СААД мебошад, 7 январ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон парвоз намуд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои ин созмон қариб 200 нафар низомиён фиристода шуданд.

9 январ қувваҳои посдори сулҳ истиқрори худро дар Қазоқистон ба анҷом расониданд. Неруҳои сулҳовар дар Алма-Ато ва дигар шаҳру ноҳияҳо иншооти дорои аҳамияти муҳими низомӣ, давлатӣ ва иҷтимоиро муҳофизат менамоянд. Тавре фармондеҳи неруҳои дастҷамъии сулҳовар, генерал-полковник Андрей Сердюков иттилоъ дод, низомиён то ба муътадил гардидани вазъият дар кишвар вазифаҳои худро иҷро хоҳанд кард. Қаблан Вазорати мудофиаи Русия шарҳ дода буд, ки неруҳои сулҳовари СААД ба фаъолияти фаврӣ-ҷангии сохторҳои қудратӣ ва воҳидҳои артиши Қазоқистон ҷалб карда намешаванд.

Вазъият дар Қазоқистон ва фаъолияти контингенти неруҳои сулҳовар 9 январ дар режими видеоконфронс аз ҷониби намояндагони ситодҳои кулли неруҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД баррасӣ гардид, Маркази вокуниш ба буҳронҳои созмон ба реҷаи шабонарӯзӣ гузаронида шуда, гурӯҳи фаврии ситоди муштараки он ба Қазоқистон фиристода шуд.

Тавре рӯзи якшанбе муовини сардори раёсати Вазорати мудофиаи Қазоқистон Султон Камалетдинов иброз дошт, фаъолияти неруҳои сулҳовар, ки иншооти стратегиро таҳти муҳофизати худ  қарор доданд, имкон дод то қисмати зиёди қувва ва неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиши кишвар, ки барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ сафарбар шуда буд, озод карда шаванд. «Мехоҳам ба фармондеҳон ва ҳайати шахсии неруҳои дастҷамъии сулҳовари СААД барои расонидани кумакҳои бародарона ба мардуми қазоқ изҳори сипос намоям», — афзуд муовини сардори Раёсати мудофиаи Қазоқистон.

Оид ба вазъият дар Қазоқистон

Аллакай 7 январ мақомоти ҷумҳурӣ эълон доштанд, ки дар тамоми манотиқи кишвар тартиботи конститутсионӣ дар маҷмӯъ барқарор шудааст. Аммо амалиёти зиддитеррористӣ ҳоло ҳам идома дошта,  поксозии қисматҳои алоҳида давом дорад. Дар кишвар барои ду ҳафта ҳолати фавқулода ҷорӣ шудааст, ки он маҳдудияти озодии ҳаракат, манъи гирдиҳамоӣ ва чорабиниҳои оммавӣ, инчунин аз соати 23:00 то 07:00 соати комендантиро дар назар дорад. Дар даромадгоҳи шаҳрҳои калон посгоҳҳои назоратӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо низомиён ҳуҷҷатҳоро тафтиш мекунанд. Кори интернет ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар айни ҳол кишвар ба ҳолати муқаррарӣ баргашта истодааст, ҳаракати роҳи оҳан ва ҳавоӣ, аз ҷумла ҳаракатҳои байналмилалӣ барқарор карда мешаванд.

Тавре Тоқаев қаблан изҳор дошт, Қазоқистон бо амали мусаллаҳонаи таҷовузкорона, ки аз ҷониби ҷинояткорон ва гурӯҳҳои террористии  дар хориҷа таълим гирифтаву хуб омодаю ҳамоҳангшуда рӯ ба рӯ гардид. Дар робита ба ин ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва артиш фармон дод, ки бидуни огоҳӣ оташ кушоянд.

Тибқи маълумоти охир, зимни бенизомиҳо қариб 6 ҳазор нафар дастгир шуданд, ки миёни онҳо хориҷиён низ буданд, беш аз 130 нафари дигар ба гуноҳи содир кардани ҷинояти вазнин гумонбар дониста мешаванд. Доир ба кушташудагон ҳанӯз маълумоти аниқ нест, вале муайян гардид, ки миёни ҳалокшудагон 3 тан ноболиғ буда, беш аз 2,2 ҳазори дигар барои расонидани кумаки тиббӣ муроҷиат намудаанд.

10 январ дар Қазоқистон ба хотири нафароне, ки дар ҷараёни ин ҳодисаҳо фавтидаанд, рӯзи мотам эълон гардид. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев барқияи таслият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ба Шумо ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам.

Халқи тоҷик бо мардуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст».

АКС аз бойгонии АИ «Бел ТА»

Latest news

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд

Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид....

Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони...

Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022...

ИМРӮЗ БА ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН 30 СОЛ ПУР ШУД. Гумрукчиёни тоҷик соли 2021 ба буҷети давлатӣ қариб 7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид...

Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8...

Related news

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд

Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид....

Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони...

Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022...

ИМРӮЗ БА ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН 30 СОЛ ПУР ШУД. Гумрукчиёни тоҷик соли 2021 ба буҷети давлатӣ қариб 7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид...

Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8...