-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Варзишгарони дастаи «Динамо» ғолиби Мусобиқаи гӯштини юнону румӣ байни наврасон гардиданд

 Дар Мусобиқаи гӯштини юнону румӣ байни наврасони солҳои таваллудашон 2006-2008 варзишгарони дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохили мамлакат Шамсиддин Олимов дар вазни 52кг, Исмоил Бозоров дар вазни 35кг мақоми аввалро соҳиб гардида, Фаррухи Хуршед дар вазни 52кг, Аҳмадшоҳи Хуршед дар вазни 44кг ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гашта, мақоми сеюм насиби Фарзоду Меҳрзод Юсуфӣ ҳар ду дар вазни 44кг ва Муҳаммад Зоғаков дар вазни 38кг гардид.

Тавре дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи мазкур  бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат байни наврасон ва муайян намудани беҳтарин варзишгарон 3-юм ва 4-уми  январи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Баргузории мусобиқаи мазкур  ба рӯзҳои таътили зимистонаи наврасон рост омада, дар он 10 дастаи мактабҳои варзишии пойтахт бо теъдоди беш аз 70 нафар варзишгар ширкат намуданд.
Аз ҷумла,   аз дастаи «Динамо»-и ВКД  10 варзишгар иштирок карда, дар ин мусобиқа  ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Мавриди ёдоварист, ки  бо мақсади баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасону ҷавонон дар риштаи гӯштини дзюдо (ҷудо), тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва омоданамоии дзюдочиён ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзюдо  байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дастпарварони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД низ иштирок намуда, маҳорати худро санҷиданд. Дар натиҷаи қувваозмоиҳо динамочӣ Муҳаммад Худоиев дар вазни -60кг миёни ҷавонон сазовори ҷойи аввал гардид.

Ёдовар мешавем, ки ба ин намуди варзиш дар Тоҷикистон, бахусус дар мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода  дар заминаи Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД шароити машғул гардидан ба гӯштини  дзюдо боз ҳам беҳтар шуда, дар ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

АКС аз ВКД  ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news