-13.4 C
Tajikistan
Tuesday, January 31, 2023

Риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ хатари бемории зукомро кам мекунад

 Бар асари паст гардидани ҳарорати ҳаво паҳншавии бемориҳои роҳи нафас, аз ҷумла зуком афзоиш ёфтааст, ҳушдор медиҳад Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд. Аз ин лиҳоз марказ ба сокинон пӯшидани либосҳои гармро дар рўзҳои сард ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро тавсия медиҳад.

Тавре маълум аст, ҳамарӯза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбирҳо ва тадбирҳои зарурӣ андешида  шуда истодаанд. Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, вале мо бояд хеле ҳушёр бошем, зеро дар кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи мавҷҳои нави бемории коронавирус, бахусус навъи «омикрон» хушдор медиҳанд. Сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан,  риоя накардани масофа дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва аз ҳама асосӣ- нагузаштан аз иммунизатсия бар зидди ин беморӣ медонанд.

Нафарони гирифтори штамми нави «омикрон» назар ба беморони гирифтори штамми «делта» бемориро каме сабуктар мегузаронанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки одамон гирифтори бемории вазнин нахоҳанд шуд. Бемории «омикронӣ»-ро низ мисли ҳолатҳои қаблӣ дарди сар, табларза ва осеби шуш ҳамроҳӣ мекунанд, ки ин аломатҳоро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар тамоми штаммҳо мушоҳида намудааст. Фаҳмидани он ки кӣ гирифтори «омикрон» шудаву кӣ аз «делта» сироят ёфтааст, ҳоло аз ҷиҳати клиникӣ қариб ки ғайриимкон гардидааст. Илова бар ин, дар мавриди гирифторӣ ба «омикрон» ҳамон усулҳо ва доруҳое, ки барои намудҳои қаблӣ буданд, самаранок мебошанд.

Эмкунии бустерӣ (ваксинатсияи такрорӣ ё реваксинатсия) дар одамони пурра ваксинашуда муҳофизати боэътимодро аз COVID таъмин мекунад. Бахусус  ба насли  калонсоли ваксинашуда тавсия дода мешавад, ки ҳарчӣ зудтар як маротибаи дигар  аз эмкунӣ гузаранд. Онҳое, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, бояд фавран эм карда шаванд.

Бояд дар тамоми муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият тадбирҳои безараргардонӣ ҳамарӯза пурзӯр карда шаванд.

«Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, банд намудани фикри худ ба орзую омоли интихобнамудаамон дар зиндагӣ, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳама гуна беморӣ мераҳонад»,- омадааст дар муроҷиатнома.

АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ карданд

26 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов...

Китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») дар Аврупо ба нашр расид

Дар оғози соли равон тавассути нашрияи бонуфузи илмии «Walter de Gruyter GmbH», Berlin/Boston китоби «Tajik Linguistics» («Забоншиносии тоҷик») ба нашр расид.

«АЗ САДА ТО САДА». 7 навъи зироати кишоварзӣ ва дарахтони меваю ангур ба таври расмӣ қабул гардиданд

Имрӯзҳо дар гўшаву канори Тоҷикистон мардум фарорасии иди Садаро барои якдигар шодбош гуфта, бо баргузории намоиш-фурӯши ниҳол, оростани хони идона ва базму...

Related news