-3.3 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Нахустин Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

 Имрӯз, 7 январ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сокро қабул кард. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.

Ҷонибҳо алоқамандии худро барои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва ғайра изҳор доштанд.

Фарҳод Салим Сафири нави Кореяро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти дипломатияш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели 2015 ифтитоҳ ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода мебошад.

Қаблан дипломатҳои Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати Кордор фаъолият мекарданд.

Квон Донг Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад буд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news