6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

ҶОИ ДУЮМ ДАР ИДМ ВА ҶОИ ҲАШТУМ ДАР ҶАҲОН. Ҳукумати Тоҷикистон азм дорад иқтидори энергетикии кишварро ба 10 ҳазор МВт расонад

 Ҳукумати Тоҷикистон азм  дорад то соли 2030 иқтидори энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонад. Дар ин бора хабаргузории «Авесто» бо истинод ба идораҳои соҳавии марбутаи бахши иқтисодии кишвар хабар додааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ дар ин самт 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд, ки ба 4 ҳазор МВт афзудани иқтидори иловагии энергетикии кишвар мусоидат мекунад. Ҳамин тавр, давоми ҳашт соли наздик иқтидори умумии энергетикии ҷумҳурӣ ба 10 ҳазор мегаватт мерасад.

Ин нишондиҳанда бо амалӣ намудани лоиҳаҳои бузурги сохтмон ва бозсозии иншооти энергетикӣ ба даст оварда мешавад. Аз ҷумла, ҳоло дар ҷумҳурӣ лоиҳаҳои азими сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, ба мисли НБО Роғун, таҷдиди дигар неругоҳҳои барқи обӣ — “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроқум” мавриди амал қарор доранд.

Идораҳои дахлдор ҳамчунин зикр мекунанд, ки истифодаи дигар намудҳои манобеи барқароршавандаи энергия, аз ҷумла офтобу шамол дар назар аст.

Айни замон асосноккунии техникӣ-иқтисодии се лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт идома дорад. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, ин лоиҳаҳо давоми панҷ соли оянда ба амал бароварда мешаванд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки 527 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешаванд.  Аз нигоҳи техникӣ, захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дурнамои хуби рушд доранд ва дар як сол 317 миллиард киловатт-соатро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз ҳамагӣ 4-5 фоизи он истифода шудааст. Тоҷикистон аз рӯи иқтидори гидроэнергетикии худ дар ИДМ, пас аз Русия, ҷои дуюм ва дар ҷаҳон, пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада ҷои ҳаштумро ишғол мекунад. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли равон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ин нуктаро таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки асоси бахши энергетикаи Тоҷикистонро 95 дарсад ва бештар аз он неругоҳҳои обӣ ташкил медиҳанд. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи неруи барқ ​​дар тамоми Осиёи Марказӣ се баробар бештар аст. Бо истифодаи самараноки ин захираҳо метавон минтақаро бо энергияи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин кард. Иқтидори асосии гидроэнергетикӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷамъ шудааст.

ДАР АКСТ: Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун, 9 сентябри соли 2019. Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news