6.2 C
Tajikistan
Saturday, June 10, 2023

Дар Душанбе ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд

 Дирӯз, 5 январ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла, Муҳаммад Баротов-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 83 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “ICho-2021” аз фанни химия, Шаҳзод Назиров-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 83 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “ICho-2021” аз фанни химия, Муҳаммадҷон Ҳокимиён-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 109 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IOI-2021” аз фанни технологияи иттилоотӣ, Шамс Давлатбеков-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷойи дуюм дар байни 77 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IBO-2021” аз фанни биология, Вазирҷон Пиров-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика, Ҷамшед Рустамов-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика ва Усмоналӣ Паҳлавонов-хонандаи синфи 11 филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор барои ишғоли ҷойи сеюм дар байни 121 давлат дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии “IMO-2021” аз фанни математика бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илм ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Бояд  тазаккур дод, ки хонандагони мазкур – Шаҳзод Назиров дар панҷ соли охир дар 4 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни химия иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ, Муҳаммадҷон Ҳокимиён дар 6 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, Шамс Давлатбеков дар панҷ соли охир дар 6 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни биология иштирок намуда, сазовори 4 медали тилло ва 2 медали биринҷӣ, Вазирҷон Пиров дар панҷ соли охир дар 9 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ, Ҷамшед Рустамов дар панҷ соли охир дар 10 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ ва Усмоналӣ Паҳлавонов дар панҷ соли охир дар 10 олимпиадаи умумиҷаҳонию байналмилалӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардидаанд.

Инчунин, ба роҳбарияти Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, филиалаи Литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ”, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара, Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб барои фаъолияти пурмаҳсул дар соҳаи илму маориф, таълиму тарбияи насли наврас, рушди ҳаракати олимпӣ ва ишғол намудани ҷойҳои сазовор дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо “Сипоснома” ва маблағи пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Туҳфаҳоро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар фазои тантанавӣ ба ғолибони олимпиадаҳо ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ тақдим намуд.

                        АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб боздид намуданд

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни...

Иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳои ИДМ

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи Шўрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии...

Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 июн Амири Давлати Қатар бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои...

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

 Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома...

Related news