-18 C
Tajikistan
Sunday, January 23, 2022

«БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД». Ҷаласаи солонаи ҳайати мушовара дар Вазорати маориф ва илми мамлакат

 Дирӯз, 5 январ дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазоратҳои корҳои дохила, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Академияи миллии илмҳо, Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ, сардорони раёсат, шуъба, бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок доштанд. Дар ин бора ба маркази матбуоти вазорат хабар доданд.

Вазири маориф ва илми кишвар М.Имомзода вобаста ба фаъолияти муассисаҳои соҳа дар соли 2021 ҳисоботи муфассал дода, аз ҷумла, таъкид кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли 2021 тамоми раванди маорифи миллии кишварро таҳлилу баррасӣ карда, доир ба рушду нумуъ ва мавқеи он дар ҷомеаи муосир чунин нуктаҳои хирадмандонаро иброз намуданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф, сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.” Бино ба суханони Имомзода, ин назари неки  Сарвари  давлат моро водор месозад, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф, беҳтар гардонидани сифтаи таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари худ ҷаҳду талоши бештаре намоем.

Дар идомаи маърузаи ҳисоботӣ вазир фаъолияти соҳа, аз ҷумла самтҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, маблағгузории соҳа ва таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, таъминоти муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Э.Насриддинзода ба сухан баромада, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент, стратегияю барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қ.Хушвахтзода, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Х.Қурбонзода, прокурори калони раёсати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ М.Наботов, сармутахассиси раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо М.Одиназода ба музокира баромада, ҳисоботи вазири маориф ва илм «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд ҳамзамон ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм таклифу пешниҳодоти худро манзур карданд.

Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки новобаста аз корҳои ба сомонрасонида ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасад ва Вазорати маориф ва илм боварӣ дорад, ки ин камбудиҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳа минбаъд низ дар ҳамаи самтҳо идома хоҳад ёфт.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ

Latest news

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд

Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид....

Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони...

Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022...

ИМРӮЗ БА ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН 30 СОЛ ПУР ШУД. Гумрукчиёни тоҷик соли 2021 ба буҷети давлатӣ қариб 7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид...

Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8...

Related news