-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Ҷаласаи Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда доир шуд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода (раиси комиссия), муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода ва бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори кишвар ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, раиси комиссия ҷаласаро оғоз намуда, тибқи рӯзнома аз ҷониби роҳбарияти Департамент вобаста ба иҷрои қарорҳои Пайнавишти ҷаласаи қаблии комиссия маълумот пешниҳод карда шуд.

Сипас аз ҷониби намояндаи Департамент маълумот оид ба Лоиҳаи Низомномаи Шӯрои комплаенс пешниҳод гардид. Бо назардошти мувофиқаи он бо вазорату идораҳо дар ҷараёни ҷаласаи мазкур Низомнома тасдиқ карда шуд.

Инчунин аз ҷониби директори Департамент маълумот вобаста ба «Баҳодиҳии хавфи миллии қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» (БХМ ҚД/МТ)-и навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Зикр карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани БХМ ҚД/МТ ва бо мақсади ба инобат гирифтани ҳама гуна хавфҳои ҷойдошта ва эҳтимолӣ зарурати ҷамъоварии маълумоти дақиқи оморӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар дар ин самт дида мешавад.

Бинобар ин, аз ҷониби раиси комиссия ба мақомоти кишвар дастур дода шуд, ки ҳангоми гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ дастрасии саривақтии маълумоти дархостшуда таъмин карда шуда, ба масъалаҳои ҷойдоштаи он диққати махсус дода шавад. Инчунин дар вохӯриҳо бо коршиносон иштироки шахсони мутасаддӣ ва дорои маълумоти кофӣ таъмин карда шавад.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Мирҳаёт Ёқубзода иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои ҷойдошта табодули маълумот байни мақомоти масъул ба шумор рафта, пурзӯр намудани фаъолият дар самти мубодилаи иттилоот байни Департамент ва мақомоти дахлдор ба мақсад мувофиқ мебошад.

Комиссияи доимамалкунандаи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои МҚД/МТ/МПСҚО аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013 таъсис дода шудааст.

АКС аз Бонки миллӣ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news