-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Тоҷикистон ва Эрон баргузории чорабиниҳои муштаракро бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ баррасӣ намуданд

Дар шаҳри Теҳрон 2 январ мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар ҶИЭ Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ баргузор гардид. Дар ин бора МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Зимни мулоқот ҳамкории ниҳодҳои тадқиқоти стратегии ду кишвар, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт»,- гуфта мешавад дар хабари ВКХ Тоҷикистон

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 январи соли 1992 барқарор шуданд.

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли соли 1995 ифтитоҳ гардид.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ  нақши муҳим дорад.

Ҳамкории фарҳангии ду кишвар аз умқи таърих сарчашма мегирад. Тоҷикистон ва Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги дорои пайвандҳои таърихию меросӣ мебошанд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news