-3.5 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба шарҳи ҷанбаҳои иқтисодии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 ҳамоиш баргузор гардид. Дар он роҳбарият, раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзуллозода, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва Маркази миллии патенту иттилоот ширкат варзиданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода баён дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда мебошад, зеро дар он ҳадафу афзалият ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян гардидаанд. Аз ҷумла, дар ин давра рушди иқтисодӣ на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд. Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад, ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад. Зимни ирои Паёми навбатӣ солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд.

Раиси кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраб Файзуллозода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба ин васила беҳтар намудани неруи зеҳнию инсонии кишвар нақши муҳим мебозад.

Зикр гардид, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифагузориҳо карда шудааст.

Роҳбарият ва кормандони вазорат бо масъулияти баланд тасмим гирифтанд, ки Паёми роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии нақшаи чорабиниҳои Паём чораҷӯӣ намоянд.

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news