-13.3 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

РОҲСОЗОНИ ФАХРӢ. Барои саҳми арзанда дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингард кормандон қадрдонӣ шуданд

Барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар ва сари вақт супоридани марҳилаи якум ва дуюми он, ҳамчунин саҳм гузоштан дар татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб—Қалъаихумб аз ҷониби Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим як гурӯҳ кормандони ин лоиҳаҳо бо нишони сарисинагии «Роҳсози фахрӣ», Ифтихорнома ва Сипосномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, иттилоъ доданд аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони саривақту босифати ин ду иншооти муҳим фаъолияти хуб нишон доданд, изҳори сипос намуд. Мавсуф гуфт, ки мояи ифтихор аст, ки мо дастурҳои Пешвои миллатро дар бобати ободониву созандагӣ сари вакт амалӣ менамоем.

Вазир махсусан саҳми директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Нуралӣ Арабзода ва директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои Душанбе – Чанок Зафар Шарифзодаро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон соли 2020 дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ ироагардида супориш доданд, ки вазоратҳои нақлиёт, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои сармоягузории соҳа ва истифодаи технологияҳои муосирро таъмин намоянд. Яъне маҳз сохтмони ҳамин лоиҳаҳоро Сарвари давлат дар Паёмашон супориш дода буданд ва инак онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати нақлиёти ҶТ

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news