3.1 C
Tajikistan
Friday, September 22, 2023

БМТ: Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тақозои замон аст

Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бо роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода ва иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатие, ки ба аҳолӣ хизматрасонии пулакӣ пешниҳод менамоянд, доир гардид.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд, Моҳбону Накҳатзода бо ёдоварӣ аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иброз дошт, ки Сарвари давлат зимни таҳлили фаъолияти низоми бонкии кишвар бори дигар зарурати гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро таъкид намуданд, ки ин масъулияти ниҳодҳои давлатиро дар самти иҷрои босамар ва саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 30 ноябри соли 2018 дучанд менамояд.

Зикр гардид, ки баҳри иҷрои самараноки қарори мазкур аз оғози соли 2019 бо иштироки масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои дахлдор ва ташкилоти қарзии молиявӣ дар БМТ якчанд ҷаласаҳои гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявӣ масъалаҳои иҷрои қарори зикргардида, корҳои иҷрошуда ва нақшаҳо барои оянда муҳокима карда шуданд.

«Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти қарзии молиявӣ пардохти якчанд хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, аз ҷумла ҳаққи истифодаи қувваи барқ, об, хизматрасониҳои коммуналӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, тандурустӣ, алоқаи телефони шаҳрӣ, хизматрасониҳои бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва идораҳои нотариалӣ, маблағҳои андоз ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ба таври ғайринақдӣ имконпазир гардиданд»,-зикр кард Моҳбону Накҳатзода.

Ҳамин тавр, пурзӯр намудани заминаи техникӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, тақвияти корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ тавассути ВАО оид ба имконияти қабули ғайринақдии пардохтҳои давлатӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, тарғиби истифодаи QR-рамзҳо, созмон додани экосистемаи боэътимоди пардохтҳои рақамӣ ва дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор дастгирӣ ёфтани иқдоми мазкур аз ҷумлаи чораҳое номбар гардиданд, ки ҷиҳати иҷрои босамари қарори мазкур минбаъд бояд амалӣ карда шаванд.

АКС аз Бонки миллӣ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор...

«MADE IN TAJIKISTAN». Дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food» хушкмеваҳои лазизи Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд

 Шаш бренди хушкмеваҳо аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи бонуфузи «World Food», ки 19-22 сентябр дар шаҳри Москва баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Ин ҳайат...

Сатҳи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

19 сентябр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озан Севимли мулоқот намуд, ки он дар...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ бояд тақвият ёбанд»

Тиҷорати ҷаҳонӣ ва сармоягузорӣ, ки омилҳои асосии рушди истеҳсолот мебошанд, бояд тақвият ёбанд ва ба раванди интиқоли технологияҳои нави аз ҷиҳати экологӣ...

Related news