-14.8 C
Tajikistan
Monday, January 24, 2022

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд

Имрӯз, 28 декабр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чорум Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпӣ.

Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ҳисоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2021 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки 14 феврали соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити Кумита баъд аз навсозӣ шинос шуданд, ки муҳимтарин рӯйдоди давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбад.

Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумита аз ҷониби Ширкати ватании «Фароз» бо маблағи 1,6 миллион сомонӣ пурра таъмир шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Президенти Кумита муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маркази федератсияҳо ва Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро ба истифода дода, дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералии Кумита иштирок намуданд.

Кумита соли 2018 дар шаҳри Душанбе ва соли 2019 дар ноҳияи Рашт ду майдончаи варзишӣ ба истифода дод. Соли 2020 бо дастури Пешвои миллат Мактаб-интернати варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов пурра таъмир карда шуд.

Солҳои 2017-2021 28 нафар варзишгарон аз дастгирии молиявии олимпӣ — Токио-2020 бархурдор шуданд, ки маблағи умумии барнома 278 800 долларри ИМА-ро ташкил дод. Ҳамчунин мактабҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, варзишгарон бо 16 614 адад таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиё — Саппоро-2017, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ — Боку-2017, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ — Ашқобод-2017, Бозиҳои Осиё — Ҷакарта/Палембанг-2018, Бозиҳои олимпии наврасон — Буэнос Айрес-2018, Бозиҳои зимистонаи Бачаҳои Осиё — Сахалин-2019, Бозиҳои олимпӣ — Токио-2020 иштирок карда, дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ) ва дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Баъд аз пешниҳоди ҳисобот аъзои Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаро барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб карданд.

Номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона Президенти Кумита интихоб шуданд.

Саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10 000 иншооти варзишӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин бо ташаббуси Пешвои миллат аз соли 2007 дар қаламрави кишвар якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол Рӯзи дави миллӣ баргузор шуда, соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт.

Дар ҷаласа ҳамчунин Абдулло Раҳмонзода (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти КМО Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) котиби генералӣ, Екатерина Измайлова (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Шоҳида Қаландарова (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Абдулло Маҳмадализода (котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон), Ҳусейнҷон Саидов (узви Федератсияи ҳандболи Тоҷикистон) ва Нигина Хайруллоева (котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон) аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб гардида, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2022 тасдиқ шуданд.

АКСҲО: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Latest news

ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар Бӯстон сохтмони се корхонаи истеҳсолӣ ҷараён дорад

 Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд айни замон сохтмон ва муҷаҳҳазсозии се корхонаи нав — ҶДММ “Нуртез”, корхонаи истеҳсол ва коркарди фулузоти ҶДММ...

Дар Маҷлиси намояндагон созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он Созишнома...

Дар Хатлон корҳои омодагӣ ба ҷашни Наврӯз оғоз шуданд

Дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз корҳои омодагӣ оғоз шуданд. Дар робита ба ин...

Дар Бохтар маҷлиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои оянда доир шуд

22 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият...

Related news