-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 28-29 декабр дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст

 Рӯзҳои 28 ва 29 декабр дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар робита ба номусоид шудани вазъи ҳаво ва фаромадани тарма Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки 29 декабр дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қаламрави ВМКБ хатари лағзиши тарма ҳифз мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба мавзеъҳои тармарез худдорӣ кунанд ва ба ғунучини ҳезум ва шикор низ нараванд.

Инчунин аз кулли аҳолии мамлакат, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш менамояд, ки бисёр ҳушёр ва бодиққат бошанд.  Бахусус, фарзандони худро назорат кунанд, кӯдакон ва наврасонро танҳо нагузоранд, ки аз хонаву ҳавлӣ берун шаванд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо хабардор шаванд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятиро риоя кунанд. Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии сафари бехатару амн аст.

АКС аз КҲФ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news