-13.3 C
Tajikistan
Tuesday, March 21, 2023

Дар шаҳри Дубай Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуд

Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи EXPO – 2020 Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори Форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ва котиби генералии Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ҳумайд бин Салим сухан гуфтанд.

Инчунин дар форуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, роҳбарияти вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, дигар ашхоси расмӣ ва намояндагони бахши хусусии ду давлат, дар маҷмӯъ 140 нафар ширкат варзиданд.

Зимни баргузории форум имконият, соҳаҳо ва лоҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуда, аз доираҳои сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Арабӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои муштарак даъват ба амал оварда шуд.

Зикр карда шуд, ки дар доираи Форуми мазкур миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат якчанд санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

АКС аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news