2.2 C
Tajikistan
Monday, June 5, 2023

Дар Душанбе оид ба баррасии барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва натиҷагирии онҳо” конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони  расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ  ширкат варзиданд, хабар доданд аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС).

Зимни ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ  иброз дошт, ки   Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021-умро барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – 30-солагии Истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон шинохта, иброз намуданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

«Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад»,- афзуд Х.Зиёӣ.

Хуршед Зиёӣ ҳадафи конфронсро арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ доир ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, изҳори боварӣ намуд, ки олимону мутахассисони дар ин конфронс ширкатдошта  равандҳои гуногуни рушди иқтисодиёти кишварамонро пурра таҳлилу таҳқиқ намуда, дар ҷамъбасти конфронс тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд.

Дар ҳамоиш мавзӯъҳо бахшида ба “Самтҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи ҳадафҳои миёнамуҳлат”, “Натиҷаҳои инфрасохтори рушди минтақаҳои кишвар дар доираи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016–2020”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва иҷрои онҳо”, “Иҷрои барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020” ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКСҲО аз МТС

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news