-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Шӯрои собиқадорони вилояти Суғд барои дар рӯҳияи садоқат ба Ватан тарбия намудани ҷавонон мақоми шоиста дорад

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони ҷангу меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин нуктаро 25 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот иброз намуд, хабар дод корманди  хадамоти матбуоти раиси вилоят Андар Раҳмонӣ.

Раиси вилоят зикр кард, ки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодии табақаҳои калонсоли ҷомеа, собиқадорони ҷангу меҳнат равона гардида, қабулу татбиқи қонуну қарор, амру супоришҳои Пешвои миллат оид ба беҳдошти сатҳи ҳифзи иҷтимоии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат исботи ин гуфтаҳост.

Раҷаббой Аҳмадзода доир ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони вилоят гуфт, ки Шӯрои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар гиромидошт, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат ва  тарбияи насли наврас дар рӯҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдӯстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ мақоми шоиста дорад.

Шӯрои собиқадорони вилоят 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоти собиқадорони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии вилояти Суғд ва 290 ташкилоти ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар Шӯрои собиқадорон иҷро менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи ҷашни Ғалаба аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар xанг ҳалокшуда – 4 ҳазор сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг 2 ҳазор сомонӣ, ҳамагӣ ба 221 нафар 502 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта пардохт карда шуд. Ба ин нафарон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ кумакпулиҳо пардохта шуда буд.

Дар мулоқот чанд нафар собиқадорони меҳнат сухан гуфта, аз рушди босуботи кишвар ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳо ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар охир ба собиқадорони ҷангу меҳнат туҳфаҳои идона супорида шуданд.

АКС: хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news