-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъалаи мазкур иброз карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 майи соли 2001 дар таҳрири нав қабул гардида, аз 7 боб ва 38 модда иборат мебошад. Ба Қонуни конститутсионии мазкур панҷ маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, ду маротиба ба қисми сеюми моддаи 11 солҳои 2009 ва 2017.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии пешниҳодгардида бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва қонунгузории андоз таҳия гардидааст.

Мувофиқи лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулки узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва қонунгузории андоз ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2021, барои баррасӣ ба Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ супорида шуда буд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур дар асоси таклифҳои пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.

Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда, матни русии лоиҳа бо матни тоҷикӣ мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур ба боби панҷуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

АКС: МН МО ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news