-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳо дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 доир мегардад

5 январи соли 2022 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021 аз рӯйи 12 номина ва қадрдонии ғолибони озмунҳои эълоннамудаи Кумита дар соли 2021  баргузор мегардад, иттилоъ дод мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб  Розиқзода.

Дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон ҷиҳати қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ ва хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таъсис дода шудааст, ки имсол аз миёни беш аз 42 нафар довталабон 12 нафар беҳтаринҳо аз ҷониби комиссияи босалоҳият муайян шуда, ин ҷоиза дар фазои тантанавӣ ба онҳо супорида мешавад.

Соли равон аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ, барномасозӣ, техника, технология ва  инноватсия ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Аз миёни 40 нафар довталабон 20 нафар беҳтаринҳо муайян ва ғолибон дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ мегарданд.

Инчунин дар маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонии 87 нафари дигар аз рӯи номинаҳои «Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2021», «Беҳтарин мудири бахши кор бо ҷавонон», «Беҳтарин муассисаи тарғиботӣ дар самти кор бо ҷавонон», «Беҳтарин маркази ҷавонон», «Беҳтарин корманди соҳаи кор бо ҷавонон», «Беҳтарин ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон», «Беҳтарин тарғибгари соҳаи кор бо ҷавонон», «30 ҷавонони муваффақ дар соли 2021» ва «Беҳтарин волонтёри соли 2021»  дар назар дошта шудааст.

Ҳамасола аз ҷониби Кумита озмун барои дарёфти стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардида, 18 нафар беҳтаринҳо тибқи квотаи муқарраргардида аз рӯйи минтақаҳо ғолиб муайян гардида, давоми 9 моҳи соли хониш бо идрорпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ғолибони озмуни мазкур низ дар маросими ҷамъбасти соҳаи кор бо ҷавонон қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар маросим ҳамчунин барномаи фарҳангӣ бо иштироки як гурӯҳ сарояндаҳои машҳури кишвар пешбинӣ гардидааст.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news