-3.6 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

АҲСАН! Алишер, Файзалӣ, Далер, Лайло ва Эҳсон — беҳтарин бозингарони соли 2021 эътироф гардиданд

Дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе 25  декабр Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои мавсимро доир намуд, иттилоъ медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Алишер Ҷалилов – беҳтарин бозингари сол дар Тоҷикистон

Дар маросими ҷоизасупории ФФТ-2021 унвони беҳтарин бозингари солро футболбози дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Алишер Ҷалилов ба даст овард. Қаблан соли 2019 Алишер Ҷалилов ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Ин мавсим Алишер Ҷалилов бо дастааш се ҷоиза- Ҷоми ФФТ, Шоҳҷоми Тоҷикистон ва Лигаи олиро ба даст овард. Инчунин Алишер Ҷалилов бо дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  то ба даври 1/8- ниҳоии Лигаи Чемпионҳои Осиё-2021-роҳ ёфт.

Файзалӣ Сардоров – беҳтарин футзалбози соли 2021

Бозингари шинохтаи  дастаи  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Файзалӣ Сардоров унвони беҳтарин футзалбози мавсими 2021-ро ба даст овард. Дар мавсими ҷорӣ Файзалӣ Сардоров бо дастааш требл намуда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон, Ҷоми кишвар ва чемпионати мамлакат гардид.

Далер Шарипов — футболбози умедбахши соли 2021

Дар маросими ҷоизасупории Федератсияи футболи Тоҷикистон Далер Шарипов ҷоизаи футболбози умедбахши соли 2021-ро ба даст овард. Қаблан Далер Шарипов унвони беҳтарин бозингари Лигаи якуми мамлакатро соҳиб шуда буд.

Лайло Ҳалимова — беҳтарин футболбози сол миёни бонувон

Ҳамлагари дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри  Бохтар Лайло Ҳалимова унвони беҳтарин бозингари мавсими 2021-ро соҳиб шуд. Дар ин мавсим Лайло Ҳалимова бо дастааш медали тиллои Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувонро ба даст овард. Инчунин Лайло Ҳалимова  бо задани 67 гол беҳтарин нишонзани Чемпионат эътироф гардид.

Эҳсони Панҷшанбе — беҳтарин бозингари тоҷик дар хориҷи кишвар

Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи футболи «Навбаҳор»-и шаҳри Намангони Узбекистон Эҳсони Панҷшанбе унвони беҳтарин бозингари тоҷик дар хориҷи кишварро ба даст овард. Эҳсони Панҷшанбе имсол дар Чемпионати Узбекистон хуб дурахшид ва ҳатто яке аз футболбозони калидии даста ба шумор меравад.

                                                   АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news