0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Президенти Тоҷикистон солҳои 2022-2026 -ро Солҳои рушди саноат эълон карданд

 Пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд, зеро   соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд.

Зикр шуд, ки дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Ба ибрози Пешвои миллат, бояд дар ин давра зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ба таъкиди Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии шоиста муҳайё созад ва ҳамаи нақшаву барномаҳо маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

«Ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад»,-изҳори назар намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news